Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон корхонаи атомиро махфӣ намеҳисобад


Раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт, корхонаи дуюми ғанисозии ураниуми ин кишвар, ки дар бораи мавҷудияташ рӯзи ҷумъа маълум шуд, махфӣ нест. Хабаргузории Франс Пресс дар нақли қавл аз оқои Алиакбари Солеҳӣ навишт, ки “таъсисоти мазкур махфӣ нест ва аз ҳамин лиҳоз мо роҷеъ ба маҷудияти он Оҷонсии энержии атомиро огоҳ кардем”. Вай роҷеъ ба мӯҳлати сохтмон ва ё дар бораи анҷомёбии бунёди ин корхона иттилое надод. Теҳрон пофишорӣ дорад, ки бояд СММ-ро дар бораи муассисаҳои ҳастаиаш танҳо 180 рӯз пеш аз ҷо кардани маводи радиоактив дар дохили он хабардор кунад. Субҳи ҷумъа Оҷонсии нирӯи ҳастаӣ эълон кард, ки Эрон сохтмони дуюми ҳастаиро бунёд мекунад, вале ҳанӯз ҳеҷ маводи атомӣ вориди он нашудааст.
XS
SM
MD
LG