Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими G-20 барои кишварҳои дар ҳоли рушд


Раҳбарони кишварҳои гурӯҳи G20 ба тавофуқ расиданд, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар масоили ҷаҳонии иқтисодӣ имкони бештар бидиҳанд.

Муаллиф: Ҳезер Маҳер

Кохи Сафед гуфт, ки раҳбарони 20 иқтисоди азимтарини ҷаҳон нишасти G20-ро ба унвони як ҳамоиши муҳим дар баррасии масъалаҳои иқтисоди байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамакнун G20 ҷои гурӯҳи ҳаштгонаи қудратҳои иқтисодӣ, мавсум ба G8-ро мегирад, ки ба он то имрӯз Русия, ИМА, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Бритониё, Итолиё ва Канада шомил буданд.

Мулоқоти ахири раҳбарони иқтисодҳои калонтарини ҷаҳон дар шароите сурат гирифт, ки иқтисоди ҷаҳон дар умқи афсурдагии саросарӣ қарор доштанд. Моҳи апрели гузашта дар Лондон аъзои гурӯҳи G20 таҳти фишори шадид буданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз пастравии бештари нишондодҳои иқтисодӣ бояд иқдоме анҷом диҳанд ва тасмими куллии онҳо ин буд, ки бояд маблағҳои азимро барои наҷоти иқтисодҳо равона кунанд. Ҳамин тасмим боис шуд, ки аз амиқрафти бештари бӯҳрон ҷилавгирӣ ба амал омад.

Ва ҳоло дар чунин шароит гурӯҳи мазкур дар муҳити нисбатан нармтар мулоқот мекунад. Дар Питсбурги Амрико раҳбарони иқтисодҳои азимтарини ҷаҳон ҳоло андеша доранд, ки бо чӣ роҳ ин болоравии тадриҷии нишондодҳои иқтисодиро ҳифз карда аз такрори дигарбораи бӯҳрон ҷилавгирӣ кунанд.

Яке аз хабарҳои муҳими ин нишаст аз ҷониби Кохи Сафед садо дод, ки гуфт, раҳбарони 20 иқтисоди азимтарини ҷаҳон нишасти G20-ро ба унвони як ҳамоиши муҳим барои баррасии масъалаҳои иқтисоди байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд ва иқтисодҳои хурдтар ва дар ҳоли тавсеа бояд барои ифшои мавқеи худ дар баробари масоили иқтисоди ҷаҳонӣ аз имконияти бештар бархурдор шаванд.

Ба унвони мизбони нишаст раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бо паёми рушди бомувозинати иқтисоди ҷаҳонӣ ба сӯҳбатҳо ҳамроҳ шуд. Яке аз ҳадафҳои аслии Обама ин аст, ки ҳамтоёни худро аз кишварҳои дигар ба қабули ба истилоҳ “як чаҳорчӯбаи бомувозинат ва боэътидоли рушд” водор кунад, ки он бояд дар оянда аз ингуна бӯҳронҳо ҷилавгирӣ кунад. Вазири молияи Амрико Тимоти Гейтнер дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида барои ҷилавгирӣ аз такрор шудани як дигари бӯҳрони молӣ ӯҳдадор шудааст:

“Ҳадафи калидии мо дар ин нишаст эҷоди ҳусни тафоҳум дар заминаи меъёрҳои қавитар дар низоми молии ҷаҳонӣ аст. Мо аз бӯҳрони азимтарини иқтисодие, ки баъди даврони Рукуди азим ба миён омад, фирор карданӣ нестем, то ки баъди мо хисороту заъфҳои фоҷеаборе бимонад, ки худ сабаби сар задани бӯҳрон шудааст”.

Бояд гуфт, дар ҷараёни нишаст мавқеи баъзе раҳбарони дар нисбати масоили мушаххас то охир мувофиқи ҳам набудааст. Садри аъзами Олмон Ангели Меркел ва президенти Фаронса Николя Саркозӣ ҳушдор доданд, ки нишасти мазкур бояд қабули созишномаи муқаррароти бозори молиро авлавият бидиҳад, ба хотири ин ки хазинаи идораи саҳҳом ва пардохти ҷоизаҳои беҳадду ҳудуд ба соҳибони бонкҳо шадидан маҳдуд шавад.

Нахуствазири Бритониё Гордон Браун ва Барак Обама талош доранд раҳбарони бонкҳоро аз мудохилаи мустақимашон ба ҷараёни ироаи ҷоизаҳо боздоранд. Маҳз ҳамин масъала яке аз сабабҳои дигари амиқрафти бӯҳрони молӣ дониста шуд.

Вазири молияи Амрико гуфт, ки ширкатдорони нишаст то андозае дар ин масъала мувофиқат ҳосил кардаанд ва эҳтимолан то охири соли ҷорӣ чунин як муқаррароте қабул хоҳад шуд.

Яке дигар аз масъалаҳое, ки Обама мехоҳад онро дар ин нишаст пайгирӣ кунад, даъват ба хатми маблағгузории истифодаи захираҳои энержии табиӣ ба мисли ангишту зуғолсанг ва нафту газ аз ҷониби ҳукуматҳо мебошад. Нигарониҳои раҳбари Амрико аз гармшавии торафти иқлим маншаъ мегирад.

Дар ҳоле, ки интизор меравад кадом изҳороти хорошикани дигар ва ё ӯҳдадориҳои бештари раҳбарони давлатҳо дар масоили иқтисодӣ садо надиҳад, ба назар мерасад барои сокинони Питсбург бештар рӯйдодҳои берун аз сохтмони нишаст бештар боиси таваҷҷӯҳ будааст. Мақомот тадбирҳои амниятиро дар замину осмону дарёчаҳои атрофи шаҳр шадид карда дар ҳар сари қадам ходимони полисро ҷо додаанд.

Эътирозгароне, ки дар маҳалҳои дуртар аз марказ иҷозаи идомаи раҳпаймоиҳоро доштанд, дар фазои сулҳомез зидди режими низомии Бурма ва ғасби эҳтимолии қудрат дар Эфиопия аз ҷониби нахуствазири ин кишвар Мелес Зенавӣ шиорпартоӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG