Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Рамазон Қодирову "Мемориал" шурӯъ шуд


Рӯзи ҷумъа дар Маскав баррасии шикояти раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров аз болои “Мемориал”, як гурӯҳи ҳуқуқи башар шурӯъ шуд, ки ин созмонро дар тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибораш муттаҳам мекунад. Раҳбари “Мемориал” Олег Орлов масъулияти куштори фаъоли ҳуқуқи инсон Наталя Эстемироваро тобистони имсол дар Чеченистон ба дӯши Қодиров вогузор кард. Эстемирова рӯзи 15 июл дар назди манзилаш дар Чеченистон аз ҷониби афроди номуйян рабуда шуда рӯзи дигараш ҷасади тирхӯрдаи вай дар Ингушистон ошкор шуд. Ин ҳодиса маҳкумиятҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла президенти Русия Дмитрий Медведевро ба бор овард. Вале то ҳол таҳқиқи ин ҳодиса то ҷое нарасидааст.
XS
SM
MD
LG