Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири нави Молдова либерал аст


Парлумони Молдова рӯзи ҷумъа бо таъини номзадии сиёсатмадори либерал ва ҷонибдори наздикии бештари кишвараш бо Аврупо ба мақоми нахуствазирӣ мувофиқат кард. Раиси ҳизби либерал-демократ Влад Филат бо раъи орои 53 вакил аз 101 узви маҷлис ба мақоми нахуствазирии Молдова пазируфта шуд. Пирӯзии эътилофи либералҳо дар интихоботи парлумонии моҳи июл боиси хатми ҳукумати ҳаштсолаи коммунистӣ дар ин ҷумҳурии қашшоқтарини Аврупо шуд. Ҳарчанд вазъи сиёсии ин кишвар ҳамоно дар як ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад, вале аз панҷ се ҳиссаи парлумон хостори интихоби президенти нав ҳастанд. Ҳоло масъала дар ин аст, ки шумори коммунистҳои аъзои парлумон барои масдуд кардани номзади либералҳо ҳангоми интихоби президент кифоят мекунад.
XS
SM
MD
LG