Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон корхонаи дуюми ғанисозии ураниумро месозад


Эрон Оҷонси энержии атомии вобаста ба СММ-ро огоҳ кардааст, ки коргоҳи дуюми ғанисозии ураниумро бунёд мекунад. Сухангӯи ин оҷонс гуфт, ки дар таърихи 21 сентябр Эрон ин ниҳодро огоҳ кард, ки машғули сохтмони корхонаи дуюм барои тавлиди сӯхт аст ва он танҳо бо ҳадафи истеҳсоли нирӯи барқ бунёд мешавад. Сухангӯ афзуд, ки Оҷонси энержии ҳастаӣ аз Эрон ироаи маълумоти бештарро дар заминаи ин коргоҳ ва имкони ҳар чи зудтари ошноӣ бо ин таъсисотро фароҳам оварад. Шӯрои амнияти СММ то ҳол Ҷумҳурии Исломиро барои худдориаш аз масдуд кардани фаъолиятҳои марбут ба ғанисозӣ, ки барояш имкони тавлиди сӯхт ва ҳам кулоҳакҳои ҳастаиро фароҳам меорад, се дафъа таҳрим кардааст. Қаблан Эрон эътироф кардааст, ки дорои танҳо як чунин таъсисот мебошад. Як мақоми Кохи Сафед гуфт, ки қарор аст дар нишасти имрӯзаи гурӯҳи кишварҳои бистгонаи иқтисодӣ раҳбарони Амрикову Бритониё ва Фаронса бо пахши изҳорот Эронро барои сохтмони таъсисоти дуюми махфии ғанисозии ураниум маҳкум кунанд.
XS
SM
MD
LG