Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи "Регар" ТАдАЗ бо ҳисоби 4:3 ба қаҳрамони Покистон, ВАПДА пирӯз омада, ба бозии ниҳоии Ҷоми раиси КФО баромад.

Ин бозӣ хеле пуршиддат гузашт ва мухлисони ба варзишгоҳи "Металлург"-и Турсунзода омада, шоҳиди 7 (!) гол шуданд, ҳодисае, ки дар олами футбол камназир аст.

Дар вақти асосӣ чаҳор гол зада шуд ва ҳисоб 2:2 буд. Се голи дигар дар вақти иловагӣ ба дарвозаҳо даромад.

Дар вақти иловагӣ голи саввумро ба дарвозаи "Регар" ТадАЗ капитани ВАПДА Маҳмуд Ориф ворид намуд. Сипас, ҳисобро Сардорбек Эминов баробар намуд. Ва сипас дар ҷараёни яке аз ҳамлаҳои охирин МаЪруф Рустамов голи чаҳоруми қаҳрамони Тоҷикистон ва голи охирини ин бозиро вориди дарвозаи меҳмонон намуд.

Вақти асосии бозии нимниҳоии Ҷоми раиси КФО миёни дастаҳои "Регар" ТадАЗ - ВАПДА мусовӣ, ду бар ду ба анҷом расид. Дар дақиқаи 87-ум, се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Маҳмуд ном футболбози покистонӣ голи дуввуми дастаи худро вориди дарвозаи тоҷикон карда, ба назар мерасид, ба ин бозӣ нуқта гузошт.

Вале ҳамон лаҳза сармураббии "Регар" ТадАЗ - Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба майдон Маъруф Рустамовро ба ҷойи Давронҷон Тухтасунов даровард ва Маъруф аллакай дар вақти иловагӣ бо сар тӯби посухиро зад ва ҳисобро баробар намуд.

Ҳамакнун, тақдири роҳхат ба бозии ниҳоӣ дар сӣ дақиқаи иловагӣ муайян мегардад.

Ёдовр мешавам, ки ҳисобро дар дақиқаи 42-ум покистониҳо боз карда буданд, вале дар дақиқаи 78-ум Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари қаҳрамони Тоҷикистон голи ҷавобии дастаи Тоҷикистонро вориди дарвозаи покистониҳо намуда буд.

Дар дақиқаи 58-уми бозӣ муҳоҷими "Регар" ТадАЗ Комил Саидов корти сурх гирифт ва майдонро тарк гуфт. Акнун, бозигарони қаҳрамони Тоҷикистон даҳ нафар боқӣ монданд ва вазифаи онҳо барои пирӯзӣ каме мушкилтар гашт.

Дар қисми дуввум тӯб асосан дар нимаи майдони покистониҳо қарор дорад. Тоҷикон танҳо дар бист дақиқаи аввали қисми дуввум тақрибан 6-7 лаҳзаи саддарсадаи голзанӣ доштанд, аммо тӯб гӯиё мисли ҷодушуда ба дарвозаи Абдул Азиз, дарвозабони ВАПДА намедаромад.

Қисми аввали бозии нимниҳоии Ҷоми раиси КФО миёни дастаҳои «Регар» ТадАЗ – ВАПДА бо ҳисоби 0:1 ба нафъи меҳмонон ба анҷом расид.

Дар қисми аввал ҳарчанд риштаи бозӣ дар дасти бозиагрони тоҷик буд ва онҳо зуд-зуд ба ҳамла мегузаштанд, вале Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Рабимов, Хуршед Маҳмудов аз тақрибан 5-6 имкони голзанӣ истифода бурда натавонистанд.

Бозигарони покистонӣ танҳо се бор дар назди дарвозаи Умед Ҳоҷимуродов хатар оварданд ва аз ин се лаҳза якеро истифода бурданд. Се дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввал зарбаи ҷаримавии Зулфиқор Алӣ Шоҳ аз дурии тақрибан 20 метр ба бурҷи чапи дарвозаи қаҳрамони Тоҷикистон даромад.

Барои нахустин бор дар таърихи футболи тоҷик мизбонии марҳилаи ниҳоии як сабқати осиёӣ ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудааст. Дар бозии нахустини нимниҳоӣ дар зӯҳри имрӯз қаҳрамони Қирғизистон, дастаи «Дордой-Динамо» бар «Ишқобод»-и Туркманистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз омад.

«Регар» ТадАЗ ба бозии имрӯза бо чунин ҳайъат баромада буданд: Ҳоҷимуродов, Каримов, Эргашев, Рабимов, Маҳмудов (к), Исмоилов, Тухтасунов, Носиров, Ҳасанов, Саидов, Ҷабборов.

Дар оғози қисми дуввум Бахтиёр Ҳасанов ва Ҷамшед Исмоиловро дар майдон Эминов ва Рустамов иваз карданд.

Он-лайни ин бозӣ бо талошҳои хабарнигори машҳури риштаи варзиш, Нарзуллоҳи Латиф, ки дар варзишгоҳ қарор дошт, сурат гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG