Пайвандҳои дастрасӣ

Мушак 12 нафарро дар Вазиристон нобуд кард


Мақомоти хадамоти кашфи Покистон мегӯянд, ки як ҳавопаймои бехалабони амрикоӣ ба ҷониби паноҳгоҳи ҷангиён дар шимолуғарби Покистон ду мушак партоб кардааст, ки дар натиҷа дасти кам 12 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса шаби ҷумъа дар рустое наздики шаҳри Миралии минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ рӯй дод. Ба назар мерасад, ки ҳадаф гурӯҳи Толибон таҳти раҳбарии Ҷалолиддини Ҳаққонӣ будааст, ки ҷангиёни вай дар марз бо Афғонистон бо ташкили ҳамлаҳо болои нирӯҳои ғарбӣ тахассус доранд.
XS
SM
MD
LG