Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амнияти вилояти Суғд як сокини шаҳри Чкалов Қурбоналӣ Табаровро бо ҷурми ҷосусӣ бар нафъи Узбакистон боздошт кардаанд.

Ҳамчунин алайҳи ин нафар иттиҳомоти қаллобӣ ва аз худ кардани маблағҳои ғайр пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи масъулони идораи умури дохилаи вилояти Суғд, Қурбоналӣ Табаров худро генерал-полковники мустаъфии идораи амният муаррифӣ карда, бо асноди сохта сокинони вилоятро фиреб додааст ва маблағҳои онҳоро аз худ кардааст.

Зимни тафтиши аввалия маълум шудааст, ки ин нафар солҳои зиёд дар Узбакистон ба сар бурда, бо шаҳодатномаи сохтаи генерал-полковник марзи ин кишварро убур кардааст.

Намояндагони идораи умури дохилаи вилояти Суғд мегӯянд, Қурбоналӣ Табаров бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон нишосоӣ дошт ва бо он муттаҳам мешавад, ки аз онҳо дар бораи амнияти Тоҷикистон маълумот ба даст оварда, дар ихтиёри давлати ҳамсоя мегузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG