Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дорои коргоҳи дуюми ғанисозии ураниум аст


Хабаргузориҳои ғарбӣ дар нақли қавл аз як мақоми эронӣ мегӯянд, ки Теҳрон мавҷудияти коргоҳи дуюми ғанисозии ураниумро ошкор кардааст. Мақомот гуфтанд, ки хабари мазкурро Эрон ба унвонии раҳбари Оҷонси энержии атомии вобаста ба СММ Муҳаммад Ал-Бародаӣ дар як нома ирсол кардааст. Як дипломати баландпояи наздик ба ин оҷонс, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ин коргоҳ дар пояи санҷишӣ қарор дошта ҳанӯз ба фаъолият оғоз накардааст. Шӯрои амнияти СММ то ҳол Ҷумҳурии Исломиро барои худдориаш аз масдуд кардани фаъолиятҳои ғанисозӣ, ки барояш имкони тавлиди сӯхт ва ҳам кулоҳакҳои ҳастаиро фароҳам меорад, се дафъа таҳрим кардааст. Қаблан Эрон эътироф кардааст, ки дорои танҳо як чунин таъсисот мебошад.
Хабари мазкур чанд рӯз пеш аз баргузории нишасти барномарезишудаи миёни мақомоти Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амният ба иловаи Олмон барои баррасии барномаи ҳастаии Теҳрон ошкор шуд.
XS
SM
MD
LG