Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсеаи G8 то ба мақоми G20


Раҳбарони кишварҳои гурӯҳи G20, ки дар шаҳри Питсбурги ИМА ташкили ҷаласа мекунанд, ба тавофуқ расиданд, ки бояд ба иқтисодҳои дар ҳоли рушд барои изҳори мавқеашон дар масоили ҷаҳонии иқтисодӣ имкони бештар бидиҳанд. Кохи Сафед гуфт, ки раҳбарони 20 иқтисоди азимтарини ҷаҳон нишасти G20-ро ба унвони як ҳамоиши муҳим дар баррасии масъалаҳои иқтисоди байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамакнун G20 ҷои гурӯҳи ҳаштгонаи қудратҳои иқтисодӣ, мавсум ба G8-ро мегирад, ки ба он то имрӯз Русия, ИМА, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Бритониё, Итолиё ва Канада шомил мешуданд. Ин гурӯҳ дар муддати беш аз 30 соли охир барои баррасии таҳаввулоти иқтисоди ҷаҳонӣ гирди ҳам меомад. Ҳоло тасмим шуд, ки гурӯҳи G8 дар оянда барои баррасии масоили амниятӣ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG