Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти G20 дар Амрико шурӯъ шуд


Раҳбарони кишварҳои гурӯҳи Ҷи 20 дар шаҳри Питсбурги Амрико ҷамъ омада ва шеваҳои вокуниш ба бӯҳрони ҷаҳонии молиро баррасӣ мекунанд. Тимотӣ Гейтнер – вазири дороии Амрико гуфт, ислоҳи низоми печидаву ношафофи молӣ, ки маҳз ҳамин низом иқтисоди дунёро гирифтори бало кард, аз авлавиятҳои кори Барак Обама – раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида будааст. Пештар аз ин Ангела Меркел – садри аъзами Олмон ҳушдор дод, ки саъйи Амрико барои тағйири тавозуни иқтисоди ҷаҳонӣ, таваҷҷӯҳи кишварҳои гурӯҳи G-20-ро аз тадбирҳои фаврӣ барои ислоҳи иқтисод ба дигар тараф мекашад.
XS
SM
MD
LG