Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати чаҳоргонаи сулҳ аз Исроил


Намояндагони чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна дигарбора аз ҳукумати Исроил хостанд, тамоми фаъолиятҳои шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолии фаластиниёнро муттавақиф кунад. Дар ҳафтае пеш Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, баъди аз мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниён, аз Исроил хост, то аз шаҳраксозӣ “худдорӣ” варзад, ки ин лаҳнро нармише дар мавқеъи Амрико меҳисобанд. Исроил мегӯяд, шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бояд ба таври табиӣ идома кунад, ки Фаластиниён ва Амрико мухолифи ин коранд. Аз сӯи дигар Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниён рӯзи панҷшанбе гуфт, ки онҳо ҳоло наметавонанд, ба музокироти сулҳ баргарданд, зеро бо Исроил дар мавриди дастури ин музокирот “ихтилофоти назари бунёдӣ” доранд. Маҳмуд Аббос ба рӯзномаи арабизабони “Ал-Ҳаёт” гуфтааст, ки ҳоло ҳеҷ ҳамдигарфаҳмие бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG