Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қатъномаи муҳими Шӯрои Амният


Шӯрои Амнияти Созмони Милал қатъномаеро ба ҳадафи орӣ кардани ҷаҳон аз силоҳи атомӣ тасвиб кард. Понздаҳ узви шӯро ин қатъномаро дар иҷлоси камназире пазируфтанд, ки таҳти раёсати Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико сурат гирифт. Дар ин қатъномаи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳида аз кишварҳои ҷаҳон хоста шудааст, аз густариши силоҳҳои атомӣ ҷилавгирӣ, барои халъи силоҳи атомӣ талош ва ба зидди зуҳуроти “терроризми ҳастаӣ” мубориза кунанд. Барак Обама пас аз тасвиби ин қатънома гуфт: "Тасвиби ин қатъномаи таърихӣ таъкид ба тааҳудоти мо мабнӣ бар эҷоди ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ аст ва ба Шӯрои Амният имкон медиҳад, то барои коҳиши хатароти ҳастаӣ ва дастёбӣ ба ин ҳадаф дар чаҳорчӯби васеъ даст ба иқдом бизанем." Қатъномаи мазкур ҳамчунин аз он кишварҳои ҷаҳон, ки то кунун Аҳдномаи байналмилалии манъи густариши силоҳҳои атомӣ, ва Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаиро имзо ё тасвиб накардаанд, мехоҳад, то ин корро анҷом диҳанд. Куриёи Шимолӣ, Ҳинду Покистон ин санадҳоро имзо накардаанд. Амрико, Индонезия, Эрону Исроил, Миср ва Чин паймонҳои ёдшударо имзо, вале тасвиб накардаанд.
XS
SM
MD
LG