Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик баррасӣ мешавад


Мақомоти Тоҷикистону Русия имрӯз дар шаҳри Душанбе баррасии масъалаи беҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро идома медиҳанд. Масъалаи мазкур дар ҳамоиши гурӯҳи кории иҷрои созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар мавриди кору ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар баррасӣ мешавад, ки дирӯз ифтитоҳ ёфт. Бино ба гуфтаи Анатолий Кузнетсов – муовини раиси Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик ҳоло дар Русия аз 740 ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Беҳуқуқӣ, рондану, қатли бераҳмонаи шаҳрвандони тоҷик дар Русия яке аз масоили дардноки ҳамкории миёни Тоҷикистону Русия маҳсуб мешавад. Танҳо дар нимаи аввали ҳамин сол додгоҳҳои Русия бо судури бештар аз 1000 ҳукм садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламрави он кишвар рондаанд.
XS
SM
MD
LG