Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои як ҳамлаи террористӣ дар Амрико


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як ронандаи автобуси фурудгоҳро ба тарҳрезии пинҳонии истифода аз силоҳи куштори дастаҷамъӣ муттаҳам карданд. Наҷибуллоҳ Зозӣ ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо падараш ва марди дигаре дастгир шуданд, вале ҳар се нафар ҳаргуна нақш дар тарҳрезии ҳамлаҳои террористиро рад кардаанд. Дар варақаи иттиҳоми ин афрод, ҷузъиёти зиёде нест, вале додситонҳо ба матбуоти Амрико гуфтаанд, ки дар манзили зисти Наҷибуллоҳ Зозӣ, дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо дастуруламалҳои сохтани бомб пайдо кардаанд. Наҷибуллоҳ Зозӣ, ки ҳаққи иқомати Амрикоро доштааст, ҳамчунин ба омӯзиш дидан дар тамрингоҳҳои Ал-Қоида дар Покистон ва гирифтани маводи мунфаҷира аз ин созмон муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG