Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб аз болои Саид Муродов, сардухтури комиссияи назорати даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳияи Фархор парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Ин пизишк замони ифои вазифа ҳангоми даъвати баҳорӣ Қурбон Раҳимов, як ҷавони гирифтори бемории сил ва буғумдардро ҳамчун фарди солим барои адои хизмат тавсия додааст. Ҳамакнун ба қавли Зоиршоҳ Ғуломов, додситони ҳарбии минтақа аъмоли пизишк бо дастрасии моддаи 391, қисми 1 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҷаноби Ғуломов мегӯяд, ҳодисаи ғайриқонунӣ фиристодани ҷавонони носолим ба хизмати ҳарбӣ дар навоҳии Кӯлоб барои аввалин бор нест. Бад ин хотир вай мегӯяд, қабл аз шурӯъи даъвати тирамоҳӣ додситонии ҳарбӣ зимни баргузории як ҷаласса ба масъулин ҳушдор додааст, то дар самти сафарбаркунии ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ ба ғалат роҳ надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Темуршоҳ Файзалиев, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, сабаби ҷалби ҷавонони бемор ба хизмати ҳарбӣ ба хотири иҷрои нақшаи даъват ба сафи артиш амалӣ мегардад, аммо таасуфан дар ин самт масъулин сиҳатии сарбозонро сарфи назар мекунанд. Аз сӯи дигар ҷаноби Темуршоҳ мегӯяд, аксари дасгоҳҳои ташхисӣ рентгенӣ дар беморхонаҳои навоҳӣ кор намекунанд ва ин омили дигарест, ки ҷавонони носолим ҳангоми гусел ба хизмати ҳарбӣ ошкор намешаванд.

Масъулини додситонии ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ду мавриди гусели ҷавонони гирифтори бемории сил ба хидмати ҳарбиро ошкор намудаанд. Дар ҳамин ҳол Ҳафиз Саидов, як пизишки силшинос мегӯяд, ирсоли афроди гирифтори бемории сил ба артиш хеле хавфнок аст, зеро як нафар бемори сил метавонад, 15 то 20 нафарро сироят кунад.

Бад ин тартиб таи 8 моҳи соли ҷорӣ Додситонии ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб алайҳи 5 тан аз масъулини комиссияи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
XS
SM
MD
LG