Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии дастаи ҷавонони Тоҷикистон ба сабқати интихобӣ


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола омодагӣ мебинад.

Бозиҳои интихобии сабқати гурӯҳи «А» аз 25-уми октябр то 4-уми ноябр дар шаҳри Катмандуи Непал баргузор мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо дастаҳои Урдун, Яман, Непал, Фаластин и Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ҷамъомади таълимию тамриние, ки дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе тӯли ду ҳафта идома кард, 25 футболбози ҷавон аз дастаҳои лигаи олӣ - «Энергетик»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Истиқлол»-и Душанбе ширкат карданд. Ба андешаи ман дар гурӯҳи мо дастаҳои Урдун ва Яман муддаъиёни аслии роҳхатҳо ба даври ниҳоӣ мебошанд. Албатта дастаи мо низ барои роҳ ёфтан ба финал мубориза хоҳад бурд».
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»
25-уми октябр: Тоҷикистон – Қирғизистон, Урдун – Фаластин, Яман – Непал;
27-уми октябр: Урдун – Яман, Непал – Қирғизистон, Фаластин – Тоҷикистон;
30-юми октябр: Фаластин – Яман, Тоҷикистон – Непал, Қирғизистон – Урдун;
1-уми ноябр: Непал – Урдун, Қирғизистон – Фаластин, Яман – Тоҷикистон;
4-уми ноябр: Тоҷикистон – Урдун, Қирғизистон - Яман
Фаластин - Непал
Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё 23-юми сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастаи «Вахш» бозии рафиқона анҷом дод. Бозӣ бо пирӯзии қӯрғонтеппагиҳо бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов (дақиқаи 10-ум), Камолҷон Ортиқов (дақ. 77-ум) ва Рустам Усмонов (дақ. 78-ум) ба самар расонданд.
XS
SM
MD
LG