Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳиба бо Тобиш Ҳилолӣ


Тобиш Ҳилолӣ, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик

Тобиш Ҳилолӣ, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик

Тобиш Ҳилолӣ, овозхон ва оҳангсози маъруф 43 сол дорад ва бештар бо иҷрои таронаҳои мазмуни ватандӯстиву меҳанпарастӣ дошта маъруф шудааст.

Ҳаводоронаш ӯро аз таронаҳои “Номуси ватандорӣ”, “Савганди ватандорӣ”, “Ғурури ниёгон”, “Қасам”, “Муноҷот”, “Баҳорро набар”, “На бо зӯрӣ, на бо зорӣ, на бо зар” хуб мешиносанду чандин оҳанги ӯро овозхонҳои мисли Маликаи Саидзод, Шабнами Тоҷиддин, Муҳаррама Шарифова, Сангалӣ Мирзоев ва дигарон иҷро кардаанд.

Тобиш мегӯяд ӯ, бо таҳияи албоми нави оҳангҳояш саргарм аст, ки дар баробари оҳангҳои лирикӣ инчунин силсилаи таронаҳои навро ба муносибати 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон гунҷоиш хоҳад дод.

Озодӣ: “Тобиш, ин майли шумо ба эҷоди оҳангҳои меҳанпарастӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Оё муҳаббати шумо ба иҷрову эҷоди ингуна оҳангҳо ҳеҷ ҳадафе дорад? Чун маъмулан иҷрокунандаҳои ингуна таронаҳо гули сари сабади консертҳои ҳукуматӣ мешаванду ҳамеша тавассути телевизиону радио оҳангҳои онҳо садо медиҳад”.

Тобиш: “Ростӣ, ягон ҳадафе надорам, ки масалан бо роҳи сурудҳои патриотӣ, ватандӯстӣ маро дар консертҳои ҳукуматӣ ба қавле роҳ диҳанд. Ягон ҳадафе нест. Аслан ин жанри сурудҳои патриотӣ-ватандӯстӣ дар мусиқии касбӣ жанри кӯҳнатарин аст. Суруди нахустини ман, ки дар саҳнаи калон садо дод, “Мусофирӣ” ном дошт, ки Малика Саидова хонда буд ва соли 1995 ҷоизадори “Суруди сол” шуд. Ин жанр ба ман бисёр мақбул аст ва ҳис кардам, ки метавонам ин сурудҳои ватандӯстӣ-патриотиро эҷод кунам, ҳарчанд осон ҳам нест ин жанр. Бо ингуна сурудҳо кам ҳунармандон машҳур мешаванд”.

Озодӣ: “Бале. Масалан яке аз ин қабил сурудҳо, ки аз ҷониби Шарофиддин Сайфиддин дар замони шӯравӣ эҷод шуда дар иҷрои Аҳмад Бобоқулов машҳур шудааст, “Республикаи ман” аст, ки ҳанӯз ҳам зиёд садо медиҳад. Ва нирӯи ин оҳанг чунон қавиву зуд дар зеҳни кас ҷо мешавад, ки то имрӯз ҳеҷ оҳанги дигаре, ки ба он тарз хонда шуда бошад, набаромад. Ва ҳоло ҳам дар телевизион ин суруд зиёд садо медиҳад. Шумо гуфтед, ки эҷоди ин оҳангҳо осон нест. Дар ҳамин бора мегуфтед”.

Тобиш: “Бале, осон нест. Масалан оҳангҳои лирикӣ сурудҳои озод, сабук буда як чизи дигар аст. Вале вақте суруди патриотӣ мегӯем, ҳам матн ва ҳам оҳанг бояд чунон тавоно бошад, ки ба дили халқ расад, халқ онро қабул кунад”.

Озодӣ: “Ин чиз аслан хоси давраи шӯравӣ аст. Вақте идеологияи муайяни коммунистӣ буду ҳадаф аз эҷоди ин гуна таронаҳо тарбияи эҳсоси ватанпарастӣ дар зеҳни мардум буд, ин сурудҳоро ба таври ҳатмӣ дар мактабу муассисаҳои давлатӣ мехонданд, ҳама консертҳои ҳукуматӣ аввал бо ҳамин қабил сурудҳои расмӣ ва гоҳо ғайрисамимӣ шурӯъ мешуд. Шумо фикр намекунед, ки худи ҳамин идея аллакай кӯҳна шудааст ё ба фикри шумо замона дигар шуда бошад ҳам арзишҳо ҳамон аст?”.

Тобиш: “Медонед, Хиромон, ҳамин жанрро яроқи идеологӣ кардан нашояд. Масалан, суруди “Савганди ватандорӣ”-и ман, ки ҳамчун “Қасам” маъруф шудааст, гоҳо мардум маро дар тӯю маъракаҳо хоҳиш мекунанд, ки онро хонам. Ин сурудҳо бе ягон идеология, бе ягон таблиғи сиёсӣ ба дили шунаванда роҳ меёбанду мардум онро ҳис мекунанд, ба дили мардум мерасад”.

Озодӣ: “Аз назари шумо, дар давраи баъди истиқлоли Тоҷикистон кадом таронаҳо тавонистанд ба он мартабаи баланде, ки гуфтед, бирасанд?”.

Тобиш: “Дар васфи ватан сурудҳо бениҳоят бисёр аст ва шумо хуб қайд кардед, ки бисёриҳошон начандон самимианд. Ростӣ, дар бораи чизи муқаддас мисли ватан бояд чизи бузургу муқаддас гӯӣ. Таронаҳое, ки баъди истиқлол маъруф гашта халқ онҳоро қабул кард, зиёд нест. Масалан суруди “Аз хуни Сиёвушем”, ки устод Саидқул Билолов доранду ба матни Бозор Собир суруда шудааст, таронаи “Ман ориёиям”, ки Марямхонум, як овозхони эронӣ мехонад, бисёр маъруф шуд. Баъди шунидани ин сурудҳо ман як нафаси тоза гирифтам, ки танҳо набудаам”.

Озодӣ: “Вазифа, рисолати ингуна сурудҳоро дар давраи имрӯза дар чӣ мебинед?”.

Тобиш: “Ҳамчун як ҳушдор бояд қабул кард. Медонед ҳушдор аз чӣ? Ҳадяе, ки барои инсоният аст, яъне ватандор будан, ба қадри ватан расидан… Яъне ҳушдор аз ҳамин нуқтаи назар”.

Озодӣ: “Тобиш, шумо фикр намекунед, ки дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ, ки мардум аз мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, аз бепуливу бекорӣ ранҷ мекашанд, масъалаи сиёсии фаровон дорад ин кишвар, яъне вазъ онгуна нест, ки дар ин сурудҳо васф мешавад. Фикр намекунед, ки ингуна сурудҳо танҳо кӯшиши рӯпӯш кардани мушкилот буда талошест барои кашидани таваҷҷӯҳи мардум ба ҷои дигар?”.

Тобиш: “Не, ман назари дигар дорам. Боз тарафи дигари масъаларо бинем: ҳаёт дар кадом давлате агар мувофиқи халқаш набошад, пас он ватанро дӯст доштан нашояд? Ватан дар кадом ҳолате набошад, дар бӯҳрони иқтисодӣ, масалан… давлат – давлати ҷавон аст, ҳукумат ҷавон аст, иншооллоҳ, ки ояндаи хуб ҳам дорад. Ватанро аз ҳамин лиҳоз дӯст доштан даркор аст. Ман гуфтам-ку, агар зиндагӣ хуб набошад, пас ватан арзише барои дӯст доштан надорад? Меҳру муҳаббат ба ватан набояд ба сатҳи зиндагию вазъи ҳозираи ин ватан вобаста бошад”.

Озодӣ: “Вақте ки баъзеҳо дар як марҳилае қарор доранд, ки ҳамоно мафҳуми ватан барояшон иборат аз як деҳа ё рустои онҳо, як шаҳри онҳо асту вайҳо наметавонанд шаҳри дигари Тоҷикистонро ҳам як бахши ватани худ ҳисобанд, вақте баъзеҳо ҳамоно аз бемории маҳалгароӣ раҳо нашуда аз марҳилаи маҳалпарастӣ ба марҳилаи як миллати комилу тавоно нарасидаанд, чӣ тавр мешавад дар бораи як Тоҷикистони воҳид суруд хонд?”.

Тобиш: “Вазифаи мо, ҳунармандон ҳам аз ҳамин вобаста аст. Ман гуфтам-ку: сурудҳои мо бояд ҳушдор бошад. Ё коргари оддист ё деҳқон аст, ё соҳибмансаб аст ё курсинишин– ин сурудҳо бояд ба дили ҳар як таъсир кунад. Агар мо гӯем, ки ватан арзандаи ситоиш несту маҳалгароӣ бисёр асту дар фикри ин масъалаҳо шавему бекор нишинем… ман шахсан худам ҳеҷ бекор нишаста наметавонам. Мехоҳам бо ҳамин роҳ, бо сурудҳои самимӣ ба дили шунавандаи худ роҳ ёбаму ҳамин меҳри ватанро расонам”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG