Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби раҳбари Молдова аз Маскав


Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Молдова Миҳай Гимпу имрӯз аз Маскав хост, ки нирӯҳои Русияро аз минтақаи ҷудоихоҳи Назди Днестр берун кашад. Интерфакс хабар медиҳад, ки изҳороти Гимпу баъди мулоқоташ бо мушовири вижаи раиси ҷумҳурии Русия Сергей Наришкин садо дод. Хабаргузории молдовии Инфотаг мегӯяд, ки Гимпу ва Медведев бояд мавзӯи Назди Днестрро дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд моҳи октябр баррасӣ кунанд. Минтақаи русизабони Назди Днестр соли 1990 истиқлолияти худро аз ҳайати Молдова эълон кард, ки ин боиси сар задани ҷанги дусолаи зидди Молдова шуд. Аз он замон то имрӯз ҳамоно ҳудудан як ҳазор артиши рус дар хоки Назди Днестр мустақар мемонанд.
XS
SM
MD
LG