Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокифоятии воксини зидди зукоми хук


Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз гуфт, ки ширкатҳои маводи дорувор дар саросари ҷаҳон тавони тавлиди се миллиард адад воксини зидди зукоми хукро доранд ва як адад чунин воксин барои як сол кофӣ будааст, ки инсонро аз гирифторӣ ба ин маризӣ эмин дорад. Вале масъала ин аст, ки ин миқдор дору барои таъмини баробари 6,8 миллиард аҳолии саёра кифоят намекунад, гуфт ин созмон. Феълан бо истеҳсоли воксини зидди зукоми хук ширкатҳои назири Sanofi-Aventis, Novartis, Baxter, GlaxoSmithKline ва Solvay машғуланд.
XS
SM
MD
LG