Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 16 шоҳиди Яҳво дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд кормандони додситонӣ гурӯҳи пайравони созмони мамнӯи мазҳабӣ “Шоҳидони Яҳво”-ро боздошт карданд. Ин як созмони масеҳист, ки мубаллиғони он дар миёнаҳои солҳои 1990-ум ба Тоҷикистон роҳ ёфтаанд, вале тибқи қонунҳои кишвар ҳоло фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст. Ҳамзаалӣ Пӯлодов, масъули умури дин дар ҳукумати Хуҷанд, ки ҳангоми ошкор ва боздошти ин гурӯҳ ҳузур доштааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

“Онҳо ҳамагӣ 16 нафар буданд ва бо тиловати “Библия” машғул буданд. Марду зан буданд, ҳатто кӯдак - писарҳои шаш-ҳафтсола ҳам доштанд. Ду нафар писарҳояшонро оварда буданд. Ҳам тоҷикҳо, ҳам русҳо, дигарҳо ҳам буданд. Вақте пурсидем, ки шумо намояндаи кадом ташкилот ҳастед, гуфтанд, ки мо – шоҳидони Яҳво”.

Масъулин мегӯянд, ки худи амали мутолеаи китоби диниро ғайриқонунӣ арзёбӣ намекунанд, балки дар як ҷо ҷамъ шудани гурӯҳи пайравони як созмони мамнӯи мазҳабиро ҷиноят меҳисобанд. Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” бо қарори вазорати фарҳанги Тоҷикистон моҳи октябри соли 2007 манъ шуд ва далели инро мақомот дар “нақзи мунтазами талаботи қонуни дин” аз ҷониби “Шоҳидони Яҳво” арзёбӣ карданд. Аммо намояндагони ин созмон иттиҳоми мақомоти Тоҷикистонро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG