Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои зиддитеррористӣ дар Лоҳур анҷом шуд


Имрӯз дар размоишгоҳи Лоҳур, 30-километрии Душанбе машқҳои зиддитеррористии воҳидҳои низомии пойгоҳи ҳарбии Русия ва ротаи вазорати дифои Тоҷикистон, ҷузве аз нирӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи минтақаи Осиёи Марказӣ, баргузор шуд. Ривояти ин машқҳои низомӣ иборат аз он буд, ки ҳудудан 300 ҷангии мусаллаҳ аз хоки Афғонистон гузашта кӯшиши анҷоми ҳамлаҳои террористиро дар қаламрави Тоҷикистон доштаанд ва вазифаи нирӯҳои муштарак муқовимат ба ҳамлагарон будааст. Дар машқҳои имрӯзаи низомӣ зиреҳпӯшҳову чархболҳои низомӣ ҷалб шуданд. Рамил Нодиров, фармондеҳи ситоди артиши Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Итар-Тасс ҷараёни машқҳоро мусбат арзёбӣ кард. Нирӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ бо қарори Паймони амнияти дастаҷамъӣ феврали имсол бо ҳадафи муқобила бо амалиёти террористию тундгароӣ, ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон ва маводи мухаддир ва бо ҳадафи истифода дар ҳолатҳои изтирорӣ ташкил шуданд.
XS
SM
MD
LG