Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори маҳбусон аз зиндони Тиқрит


Мақомоти Ироқ мегӯянд, 15 зиндонии муттаҳам ба аъмоли террористӣ аз зиндони шаҳри шимолии Тиқрит фирор карданд. Сухангӯи низомӣ Абдулкарим Халаф аз миёни онҳо шаш фирориро хеле хатарнок арзёбӣ мекунанд. Мақомоти Тиқрит шоми дирӯз баъди фирори зиндониҳо дар шаҳр қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда дар атрофи шаҳр ва марзҳои Ироқ тадобири амниятӣ шадидтар шудааст.
XS
SM
MD
LG