Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии раҳбари Туркманистон дар СММ


Зимни суханрониаш дар Маҷмаи кулли СММ раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба эҷоди васоили амнияти энержии ҷаҳонӣ даъват кард. Вай гуфт, ки заъфи шабакаҳои нақлиёти энержии ҷаҳонӣ боиси эҷоди бесуботиҳои сиёсӣ дар баъзе нуқоти ҷаҳон мешавад. Вай гуфт, ки қадами аввали мантиқӣ дар роҳи эҷоди ингуна шабакаҳо шурӯи музокираҳои бисёрҷониба дар сатҳи СММ буда метавонад.
XS
SM
MD
LG