Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод Исроилро дар СММ танқид кард


Дар суханронии худ дар Маҷмаи кулли СММ раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Исроилро дар пешбурди “сиёсати ғайрибашарӣ” дар манотиқи Фаластинӣ ва тасаллуташ дар умури сиёсиву иқтисодии ҷаҳон муттаҳам кард. Аҳмадинажод дар суханронии худ ба масъалаи бумбаст дар равобити Теҳрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бар асари ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон эҷод шудааст, муроҷиат накард. Вале ӯ бо ёдоварӣ аз ҷангҳои Ироқу Афғонистон нирӯҳои хориҷиро дар тавсеаи “хуну куштор, таҷовуз ва террору тарсу ҳарос” дар минтақаи Ховари Миёна айбдор донист. Ҳайатҳои зиёди хориҷӣ зимни суханронии Аҳмадинажод толори маҷлисгоҳро тарк карданд.
XS
SM
MD
LG