Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

START-и нав то декабр имзо мешавад


Раиси ҷумҳуриҳои Русия ва ИМА - Дмитрий Медведев ва Барак Обама мегӯянд, ду кишвари онҳо ба тавофуқ расиданд, ки то моҳи декабр аҳдномаи нави мавсум ба START-ро оид ба коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ қабул кунанд. Ду раҳбар дар ҳошияи нишасти Маҷмаи кулли СММ шоми чоршанбе дар Ню-Йорк мулоқот карданд. Онҳо умед доранд, ки аҳдномаи нав ҷои Паймони коҳиши силоҳҳои стратегиро хоҳад гирифт. Мӯҳлати санади амалкунанда дар моҳи декабр ба анҷом мерасад. Дар идомаи суханронии худ дар Маҷмаи кулл раҳбари Русия гуфт, ки ӯву Обама коҳиши “қобили санҷиш ва бебозгашти” аслиҳаро ҳамчун як ҷузви муҳими беҳбуди равобити миёни ду кишвар арзёбӣ мекунанд. Вай гуфт:

“Русия пайваста дар самти коҳиши қобили санҷиш ва бебозгашти силоҳҳои ҳастаӣ гом мебардорад, ки як ҷузви муҳими оғози тозаи равобити мо бо ИМА мебошад. Мо моҳи июл дар Маскав бо президент Обама дар ин замина санадеро ба имзо расондем ва гузашта аз ин, ба гурӯҳҳои музокиротии худ супориш додем, ки як созишномаи дорои масъулияти ҳуқуқиро дар ин замина таҳия кунанд. Ин созишнома бояд ҷои Паймони коҳиши силоҳҳои стратегиро бигирад, ки моҳи декабр мӯҳлати он ба анҷом мерасад”.

Дар робита бо Эрон Медведев гуфт, ки ҷаҳон бояд барои кӯмак ба ин кишвар дар қабули қарори дуруст дар масъалаи силоҳҳои ҳастаӣ подоше ваъда бидиҳад. Дар айни замон вай гуфт, ки Теҳрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад. Медведев инчунин гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо ҷорикунии “таҳримҳо як амали ногузир” аст. Обама гуфт, ки дар сурати якравиҳои Теҳрон дар ин масъала бояд таҳримҳои ҷиддӣ ҷорӣ шавад. Аз ин қабл раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ дар нишасти Маҷмаи кулл гуфт, ки агар Эрон фикр кунад, ки ҷаҳон ба барномаи ҳастаиш посух нахоҳад дод, иштибоҳ мекунад.
XS
SM
MD
LG