Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии Обама дар нишасти Шӯрои амният


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама имрӯз як нишасти вижаи Шӯрои амнияти СММ-ро дар масоили адами тавсеа ва халъи силоҳи ҳастаӣ раҳбарӣ хоҳад кард. Ин нишаст дар чаҳорчӯби ҷаласаи солонаи Маҷмаи кулли СММ ва бо ширкати 14 кишвари узви Шӯрои амният доир хоҳад шуд. Нишасти мазкур як рӯз баъд аз мувофиқати раҳбарони Амрикову Русия – Барак Обамаву Дмитрий Медведев бар сари имзои созишномаи нави коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ дар моҳи декабр баргузор мешавад. Дипломатҳо мегӯянд, ки аъзои ин шӯро ният доранд бо раъйи оро қатъномаи бо ташаббуси Вашингтон пешниҳодшударо бипазиранд, ки дар он аз давлатҳои дигар даъват мешавад, ки аз ташаббусҳои бештари халъи силоҳ пайравӣ кунанд. Ин барои бори панҷум аст, ки сарони кишварҳои аъзои Шӯрои амният ташкили ҷаласа мекунанд, дар ҳоле, ки нахустин бор аст, ки ин раҳбарон маҳз барои баррасии масъалаи адами тавсеаи силоҳ ҷамъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG