Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дигарбора ба зарурати бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дар кишвар таъкид кард.

Вай гуфт, обёрии нодуруст ва ифтитоҳи заминҳои бисёри кишт, дар минтақа, ки зоҳиран ишорае ба Ӯзбакистон аст, сабаби норасоии об дар Осиёи Марказӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бунёди нерӯгоҳҳои нав дар минтақа ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар бораи сулҳ ва силоҳ

Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, дар айни ҳол, стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба рушди нерӯи сулҳофарӣ таҳия мешавад. Ӯ гуфт, таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд ва бо дарназардошти ин, Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд.

Президент Раҳмон ҳамчунин ба мавзӯъи минаҳои зидди пиёдагард дахл кард ва гуфт, Тоҷикистон, ки оқибатҳои ин падидаро дар давоми солҳои зиёд эҳсос кардааст, чунин меҳисобад, ки Осиёи Марказӣ бояд аз хатари минаҳо озод бошад ва ҷомеаи байналмилалиро барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи ин ҳадаф даъват менамояд.

Сарвари давлати Тоҷикистон гуфт, кишварашро густариш ва ба ҳам омезиш ёфтани терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ором намегузорад ва аз ин лиҳоз, ӯ суръат бахшиданро ба раванди қабули Конвенсияи фарогир дар бораи терроризми байналмилалӣ зарур меҳисобад. Ӯ сари он ки терроризм ҳамчун зуҳурот мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ надорад, истисно кардан аз стандартҳои дугона таъкид кард.

Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ

Президент Раҳмон бо таъкид сари тағйири вазъ дар ҷаҳон бинобар бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, аз кишварҳои рушдкарда даъват кард, то дар назди кишварҳои дар ҳоли рушд, ки бӯҳрони молиявӣ вазъи бе ин ҳам душвори иҷтимоиву иқтисодии онҳоро мушкилтар гардонидааст, то андозае масъулияти худро дарк намоянд. Манзураш ин буд, ки як қисми қарзҳо, ки дар вақти бӯҳрон ҷамъ шуданд, аз эътибор соқит бишаванд; ҳаҷми кӯмакҳои молиявӣ афзоиш биёбанд; ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ самарабахш истифода бигардад.

Бӯҳрони энержӣ

Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар Созмони Милал ҳамчунин гуфт, талоши ҳалли мушкилҳое, ки бо бӯҳрони энержӣ иртибот доранд, чандон муваффақона нестанд.
Ӯ пешниҳод кард, ки масъалаи дастрасии барқ дар радифи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бояд ба яке аз афзалиятҳои муҳим табдил ёбад.

Президент Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон, ки аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ (527 миллиард киловатт-соат) дар ҷаҳон мақоми ҳаштумро ишғол менамояд, ҳоло ҳамагӣ камтар аз 5 фоизи ин имкониятро истифода мебарад ва дар давоми 18-соли охир ҳамасола қариб 8 моҳ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон ба бӯҳрони энергетикӣ рӯбарӯ мегардад. Ин мушкилот дар натиҷаи таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим солҳои охир бо сардиҳои шадид ва зимистонҳои тӯлонӣ тавъам шудааст.

Ба гуфтаи президенти кишвар, дар шароити вуҷуд надоштани захираҳои кашфшудаи сӯзишворӣ Тоҷикистон тибқи нақша ва ба таври мукаммал соҳаи энержии худро густариш медиҳад. Анҷом ёфтани сохтмони як силсила нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ ба таъмини Осиёи Марказӣ бо нерӯи энержӣ мусоидат менамояд.

Ӯ мисол овард, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ, ба мисли КАСА-1000, барои рушди ояндаи минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон аҳамияти бузург дорад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки чун нерӯгоҳҳои барқи обӣ обро фурӯ намебаранд, аз ин рӯ, ин иншоотҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои рушди cоҳаҳои обу энергетика, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва ҳифзи муҳити зист дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса доранд.

Тағйири иқлим

Бино бар гуфтаи президент Раҳмон, арзёбии таъсири тағйирёбии умумии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки дар давраи мушоҳидаҳо (аз соли 1930) тақрибан аз се як ҳиссаи майдони умумии пиряхҳои кишвар кам шудааст ва чун пиряху барфҳои бисёрсола манбаи асосии дарёҳои минтақа мебошанд, аз ин лиҳоз шояд дар оянда оби онҳо аз 5 то 15 фисад кам гардад.

Танҳо дар давоми садсолаи гузашта ҳаҷми заминҳои обёришаванда аз 2,5 то 9 миллион гектар зиёд гардида, шумораи аҳолӣ дар Осиёи марказӣ аз 20 миллиони соли 1956 ба зиёда аз 63 миллиони ҳозира расидааст.

Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки кишварҳои минтақа барномаву стратегияҳои худро доир ба истифодаи об, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ таҷдиди назар карда, тадбирҳои муштараке андешанд, ки онҳо ба рушди устувор мусоидат намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи баҳри Арал хотиррасон шуд ва пешниҳод кард, ки дар рӯзи 22-юми марти соли оянда оид ба амалӣ намудани Даҳсолаи байналмилалӣ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об ва санитария Мубоҳисаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумӣ доир шавад.

Тоҷикистон ҳамчнуин пешниҳод намуд, ки соли 2012-ум - Соли байналмилалии дипломатияи об эълон гардида, барои истифодаи оқилонаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти минбаъдаи мувофиқашуда муайян карда шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG