Пайвандҳои дастрасӣ

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои амрикоии ӯ Барак Обама мегӯянд, ду кишвар метавонанд, то моҳи декабр ба созишномаи коҳиши силоҳҳои атомии мавсум ба “СТАРТ” мувофиқат кунанд.

Ду раҳбар дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорк дидору гуфтугӯ доштанд.

Дмитрий Медведев дар робита ба Эрон гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ин кишвар имтиёзот пешкаш кунад, то Эрон дар робита ба силоҳҳои атомӣ “қарори дуруст” қабул кунад. Вай афзуд, набояд иҷоза дод, то Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, дар баъзе ҳолатҳо “эъломи таҳримот ба зидди Эрон ногузир аст.”

Барак Обама гуфт, дар сурати саркашии Эрон аз талаби Созмони Милал ба зидди ин кишвар бояд таҳримоти ҷиддӣ эъмол шавад.

Раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар суханронияш ҳеҷ ҳарфе дар бораи барномаи ҳастаии кишвараш нагуфт. Аммо гуфт, баъзе кишварҳо бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои қатли ом намехоҳанд, то миллатҳои дигар ба фанновариҳои навин даст биёбанд.

Раисҷумҳури Эрон дар суханронияш ҳамчунин Исроилро бо сиёсати ғайриинсонӣ дар Фаластин муттаҳам кард ва аз вуҷуди низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон сарзаниш намуд. Ғайримунтазира, дар ин суханронияш раисҷумҳури Эрон боре ҳам аз истилоҳи «низоми саҳюнистӣ» истифода накардааст.

Ба ҳини суханронии ӯ толорро ҳайъатҳое, аз ҷумла Исроил, Фаронса ва Амрико тарк карданд.

Николя Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса, ҳам ба Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи барномаҳои атомиаш “ иштибоҳи фаҷеъе” хоҳад кард. Вай зимни суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, раҳбарони Эрон иштибоҳ хоҳанд кард, агар бо посухҳои мубҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба барномаҳои низомии атомии худ идома диҳанд.

Фаронса ҳамроҳ бо дигар аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал ва Олмон моҳи оянда дар мавриди барномаҳои атомии Эрон бо ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон талош дорад, то бомби атомӣ бисозад, агарчӣ ин иддаъоро ҳукумати Эрон рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG