Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Обама ва Медведев


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои амрикоии ӯ Барак Обама, мегӯянд, ду кишвар метавонанд, то моҳи декабр ба созишномаи коҳиши силоҳҳои атомии мавсум ба “СТАРТ” мувофиқат кунанд. Ду раҳбар дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк дидору гуфтӯгу доштанд. Дмитрий Медведев дар робита ба Эрон гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ин кишвар имтиёзот пешкаш кунад, то Эрон дар робита ба силоҳҳои атомӣ “қарори дуруст” қабул кунад. Вай афзуд, набояд иҷоза дод, то Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия дар баъзе ҳолатҳо “эъломи таҳримот ба зидди Эрон ногузир аст.” Барак Обама гуфт, дар сурати саркашии Эрон аз талаби Созмони Милал ба зидди ин кишвар бояд таҳримоти ҷиддӣ эъмол шавад.
XS
SM
MD
LG