Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди мӯҳтоҷон дар Тоҷикистон афзудааст


Созмони Милал мегӯяд, тақрибан 400 ҳазор нафар аз аҳолии Тоҷикистон ва ё 9 дар сади сокинони рустоҳои кишвар ба мушкили норасоии маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи Созмони Милал бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, коҳиши кӯмакпулиҳои муҳоҷирон аз сабабҳои мӯҳтоҷ шудани ин мардум шуда ва дастрасии онҳоро ба маводи ғизоӣ сахттар кардааст. Омори тоза доир ба мардуми мӯҳтоҷ ба маводи ғизоӣ дар Тоҷикистонро, баъди арзёбии вазъи амнияти ғизоӣ дар кишвар ба даст овардаанд, ки ин арзёбиро Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт анҷом додаанд. Созмони Милал мегӯяд, ҳосили хуби ғалладона фаровардаҳои кишоварзӣ ва кӯмакҳои ғизоии Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ нагузоштааст, то вазъ дар Тоҷикистон аз ин ҳам бадтар шавад.
XS
SM
MD
LG