Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости такондиҳандаи КНБ Қирғизистон


Бино ба гузоришҳо, Хадамоти Амнияти Қирғизистон аз ҳукумати ин кишвар хостааст, ҷазои ҳукми қатл дар ин кишварро барқарор кунад ва аз ҷумла қатли ҷинояткорон дар маҳзари оммро иҷоза бидиҳад, то аз ба ин восита пеши роҳи ҷинояткории афзоянда дар ҷомеа гирифта шавад. Радиои давлатии Қирғизистон мегӯяд, Мурод Суталинов – раиси Кумитаи Амнияти Миллӣ ба Шӯрои Амнияти Миллии Қирғизистон тавсия додааст, то дигарбора ҷазои ҳукми қатлро дар қонуни кишвар ворид кунад. Султонов гуфтааст, “беҳтар аст дар баъзе ҳолат, иҷрои ҳукм дар назди омма сурат бигирад, ки ин роҳ метавонад ба коҳиши ҷинояткорӣ мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG