Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони ғайриоддӣ дар шаҳри Сидней


Як тӯфону хокбориши харобиоваре рӯзи чаҳоршанбе дар шарқи Австралия бедодгарӣ карда ва шаҳри Сиднейро бо абри тираи сурхранг пӯшонд. Мақомоти беҳдоштӣ аз мардум хостанд, то дар хонаҳояшон бимонанд ва тирагии зиёд фаъолият нақлиётро ба ҳам зада монеъи парвози ҳавопаймоҳо дар Австралия шуд. Сабаби хокбориш боди гарме будааст, гарду хоки зиёдеро аз маҳаллҳои хушксолизада ва камодами Австралия ба шаҳр овард. Австралия агарчӣ зуд зуд шоҳиди чунин ҳавои бад мешавад, аммо ин чиз танҳо хоси манотиқи марказии кишвар аст, на шарқи он ва шаҳрҳои Австралия.
XS
SM
MD
LG