Пайвандҳои дастрасӣ

Фазои 64-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк хеле ҷиддист, аммо баъзе печидагиҳои ғайриодии башарӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳанд.

Хаймаи бузурги бадавӣ, ки раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ, ба куҷое равад, ҳамроҳи худ мебарад ва устувор мекунад, дар Ню Йорк ошуфтагие ба вуҷуд овард. Нахустин бор дар чиҳил соли раҳбарияш Қаззофӣ ба ин ҷо сафар кард, то дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ширкат варзад.

Мақомоти Либия ин хаймаи анъанавии кӯчиёнро барои раҳбари худ дар боғи шодоби як ҳавлии иҷора дар Бедфорд, гӯшаи сарватманди канораи Ню Йорк устувор карданд.

Аммо ҳукумати ноҳия талаб кард, хайма ба зудтарин фурсат аз минтақа берун бурда шавад, зеро хилофи қонунҳои бинокории Бедфорд мебошад. Вале аз бинокорои хайма касе набуд, ки англисиро донад ва маълум нест, онҳо ба амри шаҳрдорон итоат хоҳанд кард ё на.

Аслан, Қаззофӣ мехост, хаймаашро дар Сентрал Парк ё Боғи Марказии Ню Йорк занад, вале ин дархости ӯ дафъатан рад шуд.

Президенти Ҷумҳуриии Чех Ватслав Клаус аз аввалин рӯзаш дар Ню Йорк ба ҳайси сарсахттарин инкоркунандаи назарияи тағйири иқлим машҳур гашт. Вай мизи мудаввари Созмони Милалро дар ин масъала таассуфангез ва таблиғгарона номид. Вай афзуд, нигарониҳо аз гармоиши ҷаҳонӣ ба як дини наве табдил меёбад, ки ба озодӣ ва низоми иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон таҳдид мекунад.

Изҳороти Клаус дар ҳоле садо дод, ки Созмони Милал дар гузориши наваш гуфт, бар асари офатҳои марбут ба гармоиши ҷаҳонӣ 20 миллион нафар бехонумон шудаанд.

Ҷаласаи Созмони Милал ҳамчунин ба як фоҷиаи инсонӣ дар Ҳондурас пайванд гирифтааст. Бразилия талабгори ҷаласаи фаврии Шӯрои Амният шуд, то дар он сарнавишти президенти барканоршудаи Ҳондурас, Мануэл Зелая баррасӣ шавад. Зелая, ки дар як табаддулоти ҳарбӣ дар моҳи июн аз мақомаш маҳрум шуд, ҳоло дар сафорати Бразилия дар Тегусигалпа ба сар мебарад.

Ҳукумати нав бозгашти Зелаяро манъ кард ва ӯ маҷбур шуд ба таври махфӣ пиёда аз кӯҳу бешазорон гузарад ва худро ба пойтахт расонад.

Бразилия мегӯяд, аз амнияти кормандони сафорати худ нигарон аст, зеро нерӯҳои Ҳондурас бинои сафоратро ба муҳосира гирифтаанд ва аз интиқоли озуқа ба дохили он пешгирӣ мекунанд. Ҳукумати муваққатии Ҳондурас мегӯяд, Зелая агар намехоҳад берун ояд ва дар назди қонун ҷавоб диҳад, метавонад, ҳар қадар ки хоҳад дар ин "ҳабс" боқӣ монад.

Ҳузури раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар Маҷмаи умумии Созмони Милал низ сарусадоҳо ба бор овардааст. Дар ҳоле ки баҳсҳои ҳастаии Ғарб бо Эрон яке аз мавзӯъҳои ин иҷлос аст, ҳафтаи гузашта Аҳмадинажод боз такрор кард, ки Ҳолокост ё қатли оми миллионҳо яҳудӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз тарафи натсистҳои Олмон як дурӯғе беш нест.

Ҳанӯз навбати сухан ба ӯ нарасида, таҳдидҳое садо медод, ки аз ҷумла ҳайати Олмон сарҷамъона толорро тарк хоҳад кард. Ва эълони олимони Эрон, ки чарха ё сентрифугаҳои пешрафтае сохтаанд, ба оташи баҳсҳои ҳастаӣ рӯған рехтааст.

Дар зимн, масъалаи Эрон дар мулоқоти президентҳои Амрико ва Русия, Барак Обама ва Дмитрий Медведев баррасӣ хоҳад шуд ва он ҳам пас аз худдории Иёлоти Муттаҳида аз бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG