Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама аз минбари СММ


Нахустин паёми президенти Амрико аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ бахшида шуд.

Рӯзи чоршанбе президенти ИМА Барак Обама барои аввалин бор аз минбари Маҷмаи умумии СММ аз номи кишвараш суханронӣ намуда, раҳбарони оламро ба масъулият дар муқобили чолишҳои саросарӣ даъват кард.

Вай гуфт: "Онҳое, ки Амрикоро бо яккатозӣ дар умури ҷаҳонӣ муттаҳам мекарданд, имрӯз наметавонанд дар канор истода, мунтазир шаванд, ки кай Амрико дар танҳоӣ мушкилҳои оламро ҳал мекунад. Мо фикр мекардем ва ба хулоса омадем, ки давраи нави мушорикати кишварҳо дар умури ҷаҳонӣ фаро расид. Ҳоло вақтест, ки ҳар яки мо дар посухи саросарӣ ба таҳдиди саросарӣ саҳми худро гузорад."

Ба ақидаи Обама чор масъалаи калидӣ ояндаи бо назму суботро кафолат дода метавонанд: халъи силоҳи ҳастаӣ, ташвиқу тавсеаи сулҳу
Ҷаҳон бояд собит кунад, ки қонуни байналмилалӣ ваъдаи пуч набуда, иҷрои он пайгирӣ мешавад...
амният, ҳифзи курраи замин ва иқтисоди ҷаҳонӣ, ки барои ҳама имконоти баробар фароҳам меорад.

Раисҷумҳури ИМА мегӯяд, барномаҳои ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ оламро бо таҳдид мувоҷеҳ намудаанд ва агар онҳо талош баҳри дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро аз амнияти байналмилалӣ боло гузоранд, ду кишвар бояд ба масъулият кашида шаванд.

"Агар ҳукуматҳои Эрону Кореяи Шимолӣ нодидагирии меъёрҳои байналмилалиро интихоб кунанд. Агар онҳо талоши дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро аз амнияти минтақавӣ ва амнияту имконоти мардумҳояшон боло гузоранд, агар онҳо сабабгори сабқати таслиҳотӣ дар Шарқу Ҷануби Осиё гарданд, онҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҷаҳон бояд собит кунад, ки қонуни байналмилалӣ ваъдаи пуч набуда, иҷрои он пайгирӣ мешавад."

Обама ба аҳамияти сулҳи Ховари Миёна таъкид кард ва афзуд, ки ҳаққи давлати Исроил ба мавҷудият ва ҳамчунон амнияти он бояд эътироф шавад. Дар айни замон Обама иброз дошт, ки идомаи бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар соҳили ғарбии рӯди Урдун амалиёти ғайришаръист ва ба пешрафти раванди сулҳ халал мерасонад.

Барои иштирок дар Маҷмаи умумии СММ, ки рӯзи 23 сентябр дар мақарри ин созмон дар Ню Йорк ифтитоҳ ёфт, раҳбарони 120 кишвари олам ҷамъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG