Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумии СММ оғоз ба кор кард


Соате пеш дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумии ин созмон расман оғоз ба кор кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз барои нахустин бор аз минбари Маҷмаъи умумии СММ суханронӣ хоҳад кард. Тибқи нукоти аз ҷониби Кохи Сафед нашршудаи ин суханронӣ, Обама аз раҳбарони ҷаҳон даъват хоҳад кард, ки дар амри муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ масъулияти бештаре бар дӯш бигиранд. Дар иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумии СММ раҳбарони беш аз 120 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омадаанд. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ба аҳли толор гуфт, ки ин иҷлос дар як фазои ғайримуқаррарӣ мегузарад: “Оғози баҳсҳои имсола дар иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумӣ аз мо расидагӣ ба ин марҳалаи фавқулоддаро тақозо дорад. Дар пасманзари ин ҳама бӯҳронҳо, чун бӯҳрони ғизову энержӣ, пасрафти иқтисод ва пандемияи зуком, ки ҳамаро ҳамзамон зарба зад, ҷаҳон дидаи таваҷҷӯҳ ба сӯи мо дӯхтааст, ки оё мо ба ин ҳама чӣ посухе хоҳем дод.”
Қарор аст, имрӯз дар Маҷмаъи умумӣ раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ суханронӣ кунад.
Суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ шоми имрӯз дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG