Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи шикоятии зиндониёни шаҳри Хуҷанд


Гурӯҳе аз маҳбусони зиндони Хуҷанд бо ирсоли як нома ба раисиҷумҳур, додситони кулл ва намояндагии САҲА аз шароити бади зиндон шикоят кардаанд.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки маъмурони зиндони мазкур бар хилофи меъёр ва қонунҳои дохиливу байнулмилалӣ бо маҳбусон бархӯрди хашин карда ва бо баҳонаҳои ночиз онҳоро зери латукӯб қарор медиҳанд.

Дар ин миён Файзуллобек Муродов, як сокини шаҳри Бухорои Узбакистон, собиқ муҳассили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ, ки ба идораи радиои Озодӣ омада буд, таъйид кард, ки тӯли ҳафт моҳи зиндон дар маҳкамаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дастрасӣ ба доруву табобат надошта ва боре ҳам ба серӣ хӯрок нахӯрдааст.

Файзуллобек Муродов тӯли ҳафт моҳи зиндон дар маҳкамаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дастрасӣ ба доруву табобат надошта ва боре ҳам ба серӣ хӯрок нахӯрдааст ...
Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон низ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки масъулони умури зиндонҳои Тоҷикистон иҷозаи ворид шудан ба маҳбасҳоро намедиҳанд. Аммо мақомот мегӯянд, вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ҷое барои нигаронӣ надорад.

Дар номаи шикоятии зиндониёни шаҳри Хуҷанд таъкид мешавад, ки онҳо барои амали ғайриқонунии худ, яъне барои содир кардани ҷиноят маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳамакнун онҳо аз карда пушаймонанд ва барои чанд соле, ки додгоҳ онҳоро аз озодӣ маҳрум кардааст, умри худро паси панҷара сипарӣ хоҳанд кард.

Яке аз муаллифони ин нома, ки бо радиои Озодӣ дар тамос шуд, номаро қироат кард. Вай ному насаби худро ба хотири зери озору шиканҷаи маъмурони зиндон қарор нагирифтан ифшо накард.

МАҲБАСҲОИ АЗ АСРИ ГУЗАШТА

Аммо номаи додхоҳии маҳбусони Хуҷанд танҳо мавриде нест, ки аз шароити бади зиндон ва бадрафтории масъулони маҳбас бо маҳкумшудаҳо ҳикоят кунад.

Муовини раиси зиндонҳои Тоҷикистон вуҷуди мавридҳои озору шиканҷа дар зиндонҳоро рад намекунад. Аммо, мегӯяд ӯ, ин гуна мавридҳо аҳёнан пеш меояд ...
Файзинисо Воҳидова, яке аз вакилони дифоъ дар шаҳри Хуҷанд, ки тӯли фаъолияти худ борҳо вориди зиндонҳои мухталифи кишвар шудааст, гуфт, аксарияти маҳбасҳои Тоҷикистон дар солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузашта ва ҳатто бархе аз онҳо хеле пештар аз он сохта шудаанд, ки бо шароити имрӯза аслан мутобиқ нестанд. Аз тарафи дигар вазъи ногувори иқтисодии кишвар ба ҳолати зиндонҳо таъсири бади худро гузоштааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Баҳром Абдулҳаққов, муовини раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон, вуҷуди мавориди озору шиканҷа дар зиндонҳоро рад намекунад. Аммо, мегӯяд ӯ, ин гуна мавридҳо аҳёнан пеш меояд ва онҳое ҳам, ки ба чунин корҳои ношоиста даст мезананд, ба муҷарради исботи он муҷозот хоҳанд шуд. Аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Абдулҳаққов, зиндон зиндон аст ва ҳар нафари маҳкумшуда мувофиқи аъмоли худ подош хоҳад гирифт.

РЕЖИМИ ШАДИДИ МАҲБАСҲОИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Фурӯғӣ, масъули умури ҳуқуқии башари дар намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, бар ин аст, ки мушкили аслии зиндонҳои Тоҷикистон аз назорати ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ канор мондани онҳост. Афзун бар ин Тоҷикистон бархе аз асноди байнулмилалӣ дар робита ба муассисаҳои ислоҳиро имзо накардааст.

Аз ин рӯ на танҳо мудофеони ҳуқуқи башар, ҳамчунин кормандони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар саросари ҷаҳон бо умури зиндонҳо машғуланд, низ имкони ворид шудан ба зиндонҳои Тоҷикистон ва дидору мулоқот бо маҳбусонро надоранд. Ин дар ҳолест, ки ворид шудани намояндагони ин созмон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар имкон медиҳад, шароити воқеии зиндонҳо арзёбӣ ва рафъи камбудиҳо дар онҳо осонтар шавад

Кормандони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар саросари ҷаҳон бо умури зиндонҳо ҳамкорӣ мекунанд, низ имкони ворид шудан ба зиндонҳои Тоҷикистон ва дидору мулоқот бо маҳбусонро надоранд ...
Дар поёни номаи шикоятии гурӯҳ зиндониёни шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон унвонии додситонӣ ва раисиҷумҳур дархост шудааст, ки пеши амалҳои ғайриқонунии маъмурони ин зиндон ҳарчи зудтар гирифта шавад.

Онҳо дар номаи худ таъкид кардаанд, ки қаблан низ чунин номаҳои додхоҳиро борҳо ба унвони мақомоти кишвар ирсол доштаанд. Вале то кунун ҳеҷ гуна посух дарёфт накардаанд. Зери ин нома 78 нафар маҳбусон аз навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталифи кишвар имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG