Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеул дар Амрико 108 000 мил силоҳ хоҳад фурӯхт


Вазорати дифоъи Кореяи ҷанубӣ гуфт, барнома дорад, ки тавассути ба дӯстдорони аслиҳа дар Амрико фурӯхтани беш аз 100 000 мил силоҳҳои кӯҳнасохти амрикоӣ беш аз 100 миллион доллар ба даст оварад. Ба гуфтаи вазорат, Вошингтон фурӯши ҳудуди 86 000 камони навъи M1 ва 22 000 карабинро ба Сеул иҷозат додааст. Ин таслиҳот ҳанӯз дар ҷангҳои Кореяву Ветнам истифода шуда, дар амборҳои аслиҳа нигоҳ дошта мешуд.
Нахустин камони M1 ҳанӯз соли 1926 сохта шуда, тавлиди карабинҳо соли 1941 шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG