Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани як шабакаи қочоқбар дар Аврупо


Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, нирӯҳои марзбонии Лаҳистону Олмон ва Австрия аъзои як шабакаи қочоқбареро, ки ба интиқоли ғайриқонунии ҳудуди 500 муҳоҷири ғолибан чеченӣ ба Аврупои ғарбӣ муттаҳам мешаванд, дастгир кардааст. Сухангӯи нирӯҳои марзбонии Лаҳистон Анна Войчик гуфт, ду шаҳрванди чеченитабори Русия бо иттиҳоми ташкили амалиёти қочоқи муҳоҷирон дар Билисток, дар ғарби Лаҳистон дастгир шуданд. Ӯ афзуд, ки ин гумонбарон ба Олмон супурда хоҳанд шуд.
Аъзои дигари ин шабака ҳамзамон дар Олмону Австрия ба дасти мақомот уфтодаанд.
XS
SM
MD
LG