Пайвандҳои дастрасӣ

Манекен ҳам дар Эрон бояд ҳатман бо рӯсарӣ бошад


Пулиси Эрон ба дӯкондорон ҳушдор додааст, ки манекенҳоро бидуни рӯсарӣ ва ё ба сурати урёну нимаурён истифода накунанд. Пулиси ахлоқи Эрон фурӯхтани либоси таги занонаро барои мардон низ манъ кардааст. Пулиси Эрон мубориза бо арзишҳои ғарбӣ ва фишораш ба хотири мурооти либоси исломиро баъд аз интихоби Маҳмуди Аҳмадинажод ба раёсати ин ҷумҳурӣ дар соли 2005 шадидтар кард.
XS
SM
MD
LG