Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт шудани Озар Мансурӣ дар Эрон


Як сомонаи интернетии марбут ба ислоҳталабони эронӣ имрӯз хабар дод, ки мақомот дар идомаи маъракаи саркӯбии афроди норозӣ аз интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод як зани маъруфи ислоҳталабро боздошт кардаанд. Сомонаи Наврӯзнюс менависад, узви Ҷабҳаи мушорикати исломӣ Озар Мансурӣ шоми сешанбе дастгир шудааст. Хонум Мансурӣ муовини Мӯҳсини Мирдомодист, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбҳои пасоинтихоботӣ низ дар боздошт қарор дорад. Ҷабҳаи мушорикат мегӯяд, мақомот то имрӯз дасти кам 20 тан аз аъзои ин ташаккули умдаи ислоҳталабони Эронро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG