Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Шмидт аз сиёсати Олмон дар Афғонистон


Садри аъзами пешини Олмон Ҳелмут Шмидт “аҳдофи чун ҳамеша норӯшан”-и кишвараш дар Афғонистонро ба боди интиқод кашид. Шмидти 90-сола, ки аз шахсиятҳои пурнуфуз дар саҳнаи сиёсии Олмон маҳсуб мешавад, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Die Zeit" гуфт, Ғарб баъди 8 соли ҷанг ва бо вуҷуди масрафи нирӯ ва маболиғи бузург ба хатари шикаст дар Афғонистон рӯбарӯ шудааст. Ҳелмут Шмидти сотсиал-демократ, ки аз соли 1974 то 1982, тайи 8 сол раҳбарии давлатии Олмонро бар дӯш дошт, гуфт, ҳадафи аслӣ, яъне аз пойгоҳаш маҳрум кардани шабакаи террористии Ал-Қоида, бадбахтона ба нокомӣ анҷомид. Шмидт гуфт, “зоҳиран ҳатто 200 000 сарбоз ҳам барои таъмини суботи Афғонистон кифоят нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG