Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама имрӯз дар СММ суханронӣ мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз барои нахустин бор аз минбари Маҷмаъи умумии СММ суханронӣ хоҳад кард. Тибқи нукоти аз ҷониби Кохи Сафед нашршудаи ин суханронӣ, Обама аз раҳбарони ҷаҳон даъват хоҳад кард, ки дар амри муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ масъулияти бештаре бар дӯш бигиранд. Дар иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумии СММ раҳбарони беш аз 120 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омадаанд.
Аз ҷумла барои нахустин бор тайи 40 соли ҳукмрониаш раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар ин иҷлос ширкат меварзад. Қарор аст, имрӯз дар Маҷмаъи умумӣ раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ суханронӣ кунад. Суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ шоми имрӯз дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG