Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба анҷумани Имоми Аъзам омадагӣ мегирад


Дар симпозиуми байналмилалӣ, ки рӯзҳои 5 ва 6 октябр таҳти унвони “Мероси Имом Абӯҳанифа” ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам дар пойтахти Тоҷикистон хоҳад гузашт, ширкати наздики 500 намоянда аз 46 кишвари ҷаҳон дар назар дошта шудааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҳайъатҳои бузургтарин аз Русия, Арабистони Саудӣ ва аз Амрико ба Душанбе хоҳанд омад.
Соли 2009 дар Тоҷикистон ба шарафи асосгузори мазҳаби ҳанафия, ки беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз ҳамин мазҳаб пайравӣ мекунанд, соли Имоми Аъзам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG