Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмакҳои нави Бритониё ба Осиёи Марказӣ


Бритониё ба манзури иҷрои барномаҳои рушд ва коҳиши мизони фақр ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 14 миллион фунт стерлинг, муодили 23 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Сю Вордел, мудири бахши Ховари Миёна, Осиё ва сарзаминҳои фароуқёнусии Бритониё дар вазорати рушди байналмилалии он кишвар дар поёни боздидаш аз Тоҷикистон гуфт, ки ин маболиғ тавассути стротежии нави ин вазорат дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки давраи то соли 2012-ро фаро мегирад, ихтисос дода хоҳад шуд. Хонум Вордел вазъи Тоҷикистонро дар шароити бӯҳрони кунунӣ хеле мураккаб номид ва гуфт, Душанберо лозим аст, барои раҳоӣ аз вартаи бӯҳрон талоши зиёд ба харҷ диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG