Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтушунидҳо дар Маҷмаи умумии СММ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ (аз рост) , 22 сентябри соли 2009.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ (аз рост) , 22 сентябри соли 2009.

Имрӯз дар Ню Йорк кори 64-ум иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ оғоз мегардад ва қарор аст Эмомали Раҳмон дар он суханронӣ кунад.

Қабл аз суханронии раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор аст, вай бо фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук ва вазири корҳои хориҷаи Миср Маҳмад Абдул Гайс дидор ва гуфтугӯ анҷом бидиҳад. Ҳамчунин имрӯз Эмомали Раҳмон дар пазироиҳои Дабири кулли СММ Бан Ги Мун ва раисиҷумҳури Амрико Барак Оабма ширкат хоҳад кард.

Рӯзи гузашта раҳбари Тоҷикистон дар нишасти сатҳи олии кишварҳои ҷаҳон бахшида ба тағйири иқлим ширкат варзид. Дар ин нишаст беш аз 100 раҳбари кишварҳои олам ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин нишаст ба ҳам овардани дидгоҳҳо ба манзури коҳиш додани партоби газҳои гулхонаӣ ва муқобила ба гармшавии иқлим аст.

Нишасти Ню Йорк охирин чунин нишасти бузург дар пешорӯи анҷумани байнулмилалиест, ки бояд моҳи декабр дар Копенҳагени Дания паймонҳои нави байнулмилалии марбут ба масоили тағйири иқлим ва муқобила бо гармшавии ҷаҳониро тасвиб кунад.

Дирӯз аз минбари СММ дар бораи зарурати иқдоми баъдӣ дар самти коҳиш додани партобҳои газҳои гулхонаӣ ва муқобила бо тағйири иқлим раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, раҳбари Чин Ҳу Ҷин Тао, нахуствазири Япония Юкио Ҳатояма, президенти Фаронса Никола Саркозӣ ва дигарон сухан гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мизҳои мудаввари нишаст ширкат варзида, мавқеи Тоҷикистонро низ матраҳ кард. Дар ҳошияи нишасти сатҳи олии тағйири иқлим Эмомали Раҳмон дирӯз бо муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Лин Паско мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG