Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Дания


Юсуф Абдусаломов, паҳлавони тоҷикистонӣ

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони тоҷикистонӣ

Юсуф Абдусаломов ва Виталий Корякин, паҳлавонони Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод дар шаҳри Ҳернинги Дания ноком шуданд.

Юсуф Абдусаломов, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 ва Олимпиадаи Пекин-2008,
дар даври 1/8 ниҳоӣ дар вазни то 84 кг бар гуштигири Литва Эдгарас Войтчовскис пирӯзӣ ба даст овард. Вале дар даври чаҳорякниҳоӣ аз паҳлавони Узбакистон Заурбек Соқиев, ки баъдан бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, мағлуб гашт.

Юсуф Абдусаломов сипас дар сабқат барои дарёфти медали биринҷӣ бар рақибонаш Адриан Ҷаудии бразилӣ ва Ҷозе Диази венесуэлагӣ дастболо шуд, вале дар қувваозмоии ҳалкунанда аз намояндаи Укроин Иброҳим Алдатов шикаст хӯрд ва аз медал бенасиб монд.

Бад-ин тартиб дар вазни то 84 кг Заурбек Соxиев (Узбакистон) медали тилло, Якоб Ҳерберт (ИМА) медали нуқра, Иброҳим Алдатов (Укроин) ва Шариф Шарифов (Озарбойҷон) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Виталий Корякин бошад, дар вазни то 60 кг дар даври 1/16 ниҳоӣ аз Залимхон Ҳусейнови озарбойҷонӣ, ки барандаи медали нуқра гардид, мағлуб шуд.
Корякин баъдан дар сабқат барои дарёфти медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Артур Аракеляни арманӣ бой дод.

Дар вазни то 60 кг Бесик Кудухов (Русия) ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд. Залимхон Ҳусейнов (Озарбойҷон) ҷои дуввум, Дилшод Мансуров (Узбакистон) ва Василий Федоришин (Укроин) ҷойҳои севумро азони худ карданд.

Дар рӯзи дуввуми мусобиқа ғолиб ва ҷоизадорон боз дар вазни то 120 кг муайян шуданд. Билол Махов (Русия) ҷои аввал, Фардин Маъсуми Валадӣ (Эрон) ҷои дуввум, Тервел Длагнев (ИМА) ва Иоаннис Арзуманидис (Юнон) ҷойҳои севумро касб намуданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG