Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

23-юми сентябр – оғози давраи дуввуми сабқати лигаи аввал


23-юми сентябр давраи дуввуми мусобиқаи дастаҳои лигаи аввали футболи Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

Дар даври даҳум РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ) дар майдони худ бо «Хайр»-и Ваҳдат, «Барқ»-и Норак бо «Локомотив»-и Душанбе, «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо «Ҷавонон»-и Турсунзода, «Зарафшон»-и Панҷакент бо «Панҷшер»-и Румӣ ва «Саройкамар»-и Панҷ бо «Ҳулбук»-и Восеъ бозӣ хоҳанд кард.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Саройкамар» бо 21 имтиёз дар ҷои аввал, «Хайр» бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Ҷавонон» бо 17 имтиёз дар ҷои севум мебошанд.

Даҳ дастаи лигаи аввал барои дарёфти ҷавоизи мусобиқот ва роҳхатҳо ба лигаи олии футболи Тоҷикистон то 8-уми ноябр мубориза хоҳанд бурд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 23-юми сентябр

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

9

7

0

2

22-14

21

2.

«Хайр»

9

6

2

1

28-14

20

3.

«Ҷавонон»

9

5

2

2

25-13

17

4.

«Панҷшер»

9

5

0

4

26-13

15

5.

«Ҳулбук»

9

4

0

5

20-24

12

6.

«Зарафшон»

9

3

2

4

14-16

11

7.

«Локомотив»

9

3

0

6

7-21

9

8.

РШВСМ

9

2

2

5

10-17

8

9.

«Барқ»

9

2

2

5

12-20

8

10.

«Рангонгаз»

9

2

2

5

10-22

8


Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 11 гол, Темур Ризоев («Ҷавонон»), Фозил Ҳабибов («Зарафшон») – 8-голӣ, Дилшод Табаров («Хайр») ва Бахтиёр Чориев («Саройкамар») - 7-голӣ.


XS
SM
MD
LG