Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Обама аз Исроилу Фаластиниён


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, аз раҳбарони Исроил ва Фаластиниён хост, барои аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна ҳарчӣ зудтар амал кунанд, ки ҳадаф аз ин музокирот расидан ба созиши фарогир ва таъсиси кишвари мустақили Фаластин бошад. Обама дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос раиси ҷумҳури Фаластиниён, дар ҳошияи Иҷлоси Маҷмаъи Кулли Созмони Милал сухан гуфт. Вай афзуд, ки аз ҳарду тарафи низоъ хостааст, то барои идомаи баҳс намояндагони худро ҳафтаи оянда ба Вашингтон фиристанд.
XS
SM
MD
LG