Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тағйири иқлимро "фалокатбор" хонд


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико аз ҷаҳониён хост, барои муқобила бо гармоиши курраи замин иқдом кунанд, зеро нокомӣ дар ин амр, инсониятро дар солҳои оянда ба “фалокатҳои ислоҳнопазир” рӯ ба рӯ хоҳад кард. Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши сарони кишварҳои дунё дар мавриди тағйири иқлим, доир ба иқдомоти ҳукуматаш ҷиҳати муқобила бо гармоиши курраи Замин дар ҳашт моҳи гузашта сухан гуфт, вале ҳеҷ барномаи наве барои оянда пешниҳод накард. Вай аз ҷумла гуфт:" Дуруст аст, инсоният дар вокуниш ва ё ҳатто эътирофи вусъати хатари тағйири иқлим суст амал кардааст. Аз ҷумла кишвари ман ҳам. Мо инро эътироф мекунем. Аммо имрӯз дигар аст. Ман бо ифтихор мегӯям, ки Амрико дар ҳашт моҳи гузашта барои рушди энержии пок ва коҳиши олудагии карбон назар ба ҳар вақти дигар дар таърихи кишвари мо кори зиёде анҷом додааст. Ҳамчунин дар нишасти мазкур Ҳу Ҷинтао – раиси ҷумҳури Чин қавл дод, ки кишвараш партоби газҳои гулхонаиро ба ҳадди чашмрасе коҳиш хоҳад дод. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал дар оғози ин нишаст гуфт, нокомӣ дар имзои аҳдномаи нав барои муқобила бо гармоиши курраи Замин "аз назари ахлоқӣ нобахшиданӣ" хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG